Офертаи оммавӣ
оид ба истифодаи хизматрасониҳои Сервиси «OSON»
Ҳуҷҷати мазкур пешниҳоди расмӣ - офертаи оммавӣ (минбаъд - Шартнома)-и ҶДММ «Пардохти Осон» мебошад, ки мутобиқи моддаҳои 502 ва 504 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси воқеӣ, ки дорои ҳуқуқ ва қобилияти амал мебошад, барои бастани Шартномаи мазкур оид ба истифодаи хизматрасониҳои Сервиси «OSON» равона гардидааст.
Истилоҳот ва таърифҳое, ки дар шартнома истифода мешаванд
Дар Шартномаи мазкур, дар тағйиру иловаҳои минбаъда ба он, инчунин дар мукотиба вобаста ба Шартномаи мазкур, Тарафҳо оид ба тафсири ягонаи истилоҳот ва таърифҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
Аутентификатсия - раванди муайян кардани ҳаққонияти шахси воқеӣ, ки аз ҷониби Оператори Сервис муайян шудааст, тавассути санҷиши ҳаққонияти идентификатори пешниҳодшуда (ПИН-код, логин ва ғайра) ва тасдиқи бечунучарои ҳуқуқу уҳдадориҳои Истифодабаранда ба ҳисоб меравад.
Веб-сайти Оператори Сервис - веб-сайте, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи www.oson.com ҷойгир шудааст ва тавассути он дастрасӣ ба Сервис фароҳам мегардад.
Идентификатсия - тартиби махсуси тасдиқи шахсияти Истифодабаранда дар Сервис, тавассути пешниҳоди маълумоте аз ҷониби Истифодабаранда ба Оператори Сервис, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (шустушӯи) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом» пешбинӣ намудааст. Раванди идентификатсия аз ҷониби шахси сеюми ваколатдор, ки Оператори Сервис бо ӯ муносибатҳои шартномавӣ дорад, амалӣ карда мешавад, бинобар ин, бо пешниҳоди маълумоти дархостшуда Истифодабаранда розигии худро барои интиқоли ин маълумот ба шахси сеюм медиҳад.
Логин - идентификатори нодири Истифодабарандаи Сервис, ки ба номи ӯ ба қайд гирифта шудааст, ҳангоми бақайдгирӣ дар Сервис истифода шудааст ва идентификатори шахсӣ мебошад.
Кабинети шахсӣ - воситаи идоракунии мундариҷаи Истифодабарандаи ба қайд гирифташуда дар Сервис, ки ба Истифодабаранда имкон медиҳад ба маълумот дар бораи ҳолати ҳисоби шахсӣ, вазифаҳои идоракунӣ, маълумоти оморӣ, идентификатсионӣ ва дигар маълумоте, ки барои истифодаи пурраи Сервис заруранд, дастрасӣ пайдо намояд.
Замимаи мобилии «OSON» - маҳсулоти барномавие, ки ҳуқуқи истисноии он ба Оператори Сервис тааллуқ дорад.
Шарик - шахси ҳуқуқие, ки бонк нест, ё соҳибкори инфиродӣ, ки пардохтро аз Истифодабаранда барои молҳо (корҳо, хизматҳо) дар асоси шартномаи басташуда бо Оператори Сервис қабул намуда, ба Истифодабаранда ҳуҷҷате медиҳад, ки пардохти ӯро тавассути Сервис тасдиқ мекунад.
Пардохт - иҷрои уҳдадории пулӣ бо маблағҳои нақдӣ ё интиқоли маблағҳо бо истифодаи воситаҳои пардохт.
Кэшбек - қисман баргардонидани маблағҳои пардохтӣ ба кортҳои пластикии бонкӣ ё ҳамёнҳои электронии Истифодабаранда, ки тавассути замимаи мобилии «OSON» анҷом дода шудаанд.
Истифодабаранда - шахси воқеӣ (ки дорои ҳуқуқ ва қобилияти бастани Шартнома мебошад), ки Сервисро тавассути акцепти Шартномаи мазкур истифода мебарад ва мутобиқи Шартномаи мазкур барои ӯ ҳуқуқ ё уҳдадорӣ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меояд.
Оператори Сервиси «OSON» – ҶДММ «Пардохти Осон».
Сервиси «OSON» (минбаъд – Сервис) – маҷмӯи захираҳои барномавӣ-таҷҳизотӣ, воситаҳои техникӣ ва чорабиниҳои ташкилӣ-техникӣ, аз ҷумла таъминоти барномавӣ бо пешниҳоди иҷозат барои истифодаи он дар платформаҳои гуногун, аз ҷумла замимаҳои мобилӣ, дастгоҳҳои сайёр, веб-сайт ва дигар маҳсулоти барномавӣ.
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Шартнома байни Оператори Сервис ва Истифодабаранда оид ба истифодаи хизматрасониҳои Сервис баста мешавад.
1.2. Шартномаи мазкур чунин мебошад:
1.2.1. Оммавӣ, ки шартҳои он барои ҳамаи Истифодабарандагон якхела буда, шартҳои истифодаи дастгоҳҳо, замимаҳои мобилӣ ва дигар маҳсулоти барномавии Сервисро муайян мекунад.
1.2.2. Барои ҳамаи Истифодабарандагони Сервис ҳатмӣ буда, дар дастрасии кушода дар веб-сайти расмии Оператори Сервис бо суроғаи www.oson.com, инчунин дар замимаи мобилии «OSON» ҷойгир карда мешавад.
1.3. Оператори
Сервис дар доираи фаъолияти иҷозатдодашудаи худ ҳақ дорад, бо мақсади ҷалби
мизоҷони нав ва ҳавасмандгардонии фаъолнокии истифодабарандагон оид ба хариди
молҳо (корҳо, хизматҳо), ба таври даврӣ ва доимӣ
аксияҳо ва барномаҳои бонусии беакцептӣ баргузор намояд, аз ҷумла, онҳое, ки
дар онҳо муҳлати акцепт на камтар аз 30 рӯз пешбинӣ шудааст ва/ё имконияти
бозхонди пеш аз муҳлати оферта вуҷуд надорад.
Ба Истифодабарандагони Сервис дар давраи амал кардани аксияҳо ва барномаҳои
маркетингӣ ҳисоб кардани бонусҳо (холҳо, воҳидҳои дигар) вобаста ба фаъолнокии
мизоҷ дар хариди молҳо (корҳо, хизматҳо), ё қисман баргардонидани маблағҳои
пулӣ (кэшбек) ё қисман баргардонидани маблағҳои электронии пулӣ тавассути
пур кардани ҳамёни электронии истифодабаранда пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми кэшбек
ва/ё бонус барои молҳо (корҳо, хизматҳо)-и харидашуда аз ҷониби Оператори
Сервис муайян гардида, дар замимаи мобилии «OSON» вобаста ба талаботи аксияҳои
баргузоршаванда ё барномаҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои дар захираҳои
иттилоотии ширкат ҷойгиршуда, инъикос мегардад.
2. Мавзӯи шартнома
2.1. Мавзӯи Шартномаи мазкур, ки бо Истифодабаранда тавассути акцепти офертаи мазкур баста мешавад, аз ҷониби Сервиси «OSON» расонидани хизматҳо оид ба таъмин намудани истифодабарандагон бо захираҳои барномавӣ-таҷҳизотӣ, таъминоти барномавӣ бо пешниҳоди иҷозат барои истифодаи ин таъминоти барномавӣ барои платформаҳои оператсионии iOS, Android ва веб-сайти Сервис, инчунин расонидани хизматҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва технологӣ мебошад. Дар доираи мавзӯи шартнома Сервис хизматҳоро бо мақсадҳои зерин пешниҳод менамояд:
2.1.1. Анҷом додани пардохтҳо аз ҷониби Истифодабаранда барои молҳо (корҳо, хизматҳо), ки аз ҷониби Шарикон пешниҳод мешаванд.
2.1.2. Анҷом додани интиқоли маблағҳои пулии Истифодабарандагон барои молҳо (корҳо, хизматҳо).
2.1.3. Аз ҷониби Истифодабаранда анҷом додани дигар амалиётҳое, ки дар Сервис тибқи шартҳои Шартномаи мазкур ва (ё) дигар созишномаҳои дар веб-сайти Оператори Сервис, замимаи мобилии «OSON» ва дигар маҳсулоти барномавӣ ҷойгиршуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас мебошанд.
2.2. Хизматҳои Оператори Сервис музднок мебошанд, ки барои онҳо Истифодабаранда ӯҳдадор аст ба Оператори Сервис ба андоза ва тартиби дар қисми 7 Шартномаи мазкур муқарраршуда, инчунин мувофиқи Тарифҳои комиссияҳои Сервиси «OSON» (минбаъд - Тарифҳо), ки дар веб-сайти Оператори Сервис ҷойгир шудаанд, пардохт намояд.
2.3. Хизматҳои дастраси Шарикон барои Истифодабарандагони Сервис дар веб-сайти Оператори Сервис ҷойгир карда мешаванд.
2.4. Оператори Сервис метавонад дигар хизматҳоро, ки дар Шартномаи мазкур зикр нашудаанд, дар сурате пешниҳод намояд, ки Истифодабаранда шартҳои дигар созишномаҳоро акцепт намояд.
2.5. Оператори Сервис танҳо хизматҳои дар бандҳои 2.1. ва 2.2. Шартномаи мазкур пешбинишударо таъмин мекунад ва барои анҷом додани ҳисоббарорӣ ва ворид шудани маблағҳои дахлдор аз корти бонкӣ ба фоидаи Шарикон ё аз як корти бонкӣ ба корти дигар масъулият надорад.
Дар ин ҳолат масъулиятро бонке ба зимма дорад, ки корти бонкии Истифодабарандаро баровардааст, мутобиқи шартҳо ва тартиби дар оферта (шартнома)-и дахлдор муайяншуда.
3. Тартиби бастани шартнома
3.1. Шартномаи мазкур аз лаҳзаи акцепти пурра ва бечунучарои он аз ҷониби Истифодабаранда дар Сервис басташуда ва мавриди амал қароргирифта ҳисобида мешавад.
3.2. Истифодабаранда барои бақайдгирӣ дар Сервис ва акцепти Шартномаи мазкур ӯҳдадор аст шартномаи амалкунанда оид ба пешниҳоди хизматҳои алоқаи мобилӣ бо оператори алоқаи мобилӣ дошта бошад (ба номи Истифодабаранда ба расмият даровардашуда), ки чунин хизматҳоро пешниҳод менамояд ва бояд имконияти истифодаи рақами абонентиро барои қабул ва коркарди зангҳои овозӣ, инчунин қабул ва ирсоли паёмакҳо пешбинӣ намояд.
3.3. Истифодаи Сервис пас аз гузаштан аз расмиёти бақайдгирӣ дар Замимаи мобилии «OSON» ва (ё) веб-сайти расмии Оператори Сервис имконпазир аст.
3.4. Акцепти пурра ва бечунучарои шартҳои Шартномаи мазкур мутобиқи моддаи 504 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани амалҳои зерин аз ҷониби Истифодабаранда мебошад:
3.4.1. Бақайдгирии Истифодабаранда дар Сервис тавассути Замимаи мобилии «OSON», аз ҷумла:
а) насб намудани Замимаи мобилии «OSON»;
б) ворид намудани рақами абонентӣ ба шакли бақайдгирӣ (рақами абонентие, ки Истифодабаранда ҳангоми бақайдгирӣ нишон додааст, ҳангоми истифодаи Сервис ҳамчун номи Истифодабаранда («login») истифода мешавад);
в) анҷом додани авторизатсия тавассути пешниҳоди маълумоти аутентификатсионии худ аз ҷониби Истифодабаранда ба Оператори Сервис, инчунин баъд аз гирифтани смс-таъйид, ки маълумоти идентификатсионӣ дорад, ворид намудани онҳо ба шакли бақайдгирӣ;
г) изҳор намудани розигӣ (акцепт) бо шартҳои бастани Шартномаи мазкур тавассути гузоштани аломат дар муқобили матни «Ман шинос шудам ва шартҳои Офертаи оммавиро қабул мекунам».
3.4.2. Бақайдгирии Истифодабаранда дар Сервис тавассути веб-сайти расмии Оператори Сервис, аз ҷумла:
а) ворид намудани суроғаи электронии веб-сайти расмии Оператори Сервис ба сатри суроғаи интернет-браузер: http: www.oson.com;
б) ворид намудани рақами абонентӣ ба шакли бақайдгирӣ (рақами абонентие, ки Истифодабаранда ҳангоми бақайдгирӣ нишон додааст, ҳангоми истифодаи Сервис ҳамчун номи Истифодабаранда («login») истифода мешавад);
в) анҷом додани авторизатсия тавассути пешниҳоди маълумоти аутентификатсионии худ аз ҷониби Истифодабаранда ба Оператори Сервис, инчунин баъд аз гирифтани смс-таъйид, ки маълумоти идентификатсионӣ дорад, ворид намудани онҳо ба шакли бақайдгирӣ;
г) изҳор намудани розигӣ (акцепт) бо шартҳои бастани Шартномаи мазкур тавассути гузоштани аломат дар муқобили матни «Ман шинос шудам ва шартҳои Офертаи оммавиро қабул мекунам».
3.5. Бақайдгирӣ ба ҳайси Истифодабаранда дар Сервис пас аз дуруст ворид намудани маълумоте, ки аз Оператори Сервис дар смс-таъйид гирифтааст, аз ҷониби Истифодабаранда мутобиқи зербандҳои 3.4.1. ё 3.4.2. Шартномаи мазкур анҷомёфта ҳисобида мешавад.
3.6. Ба Истифодабаранда то оғози истифодаи Сервис зарур аст, ки пурра бо Шартномаи мазкур шинос шавад ва дар ҳолати норозигӣ бо шартҳои он ва (ё) муқаррароти алоҳидаи он, ҳақ дорад аз истифодаи Сервис худдорӣ намояд.
3.7. Ба Истифодабаранда ҳуқуқ дода мешавад, ки пин-кодро ҳамчун воситаи иловагии тасдиқи шахсият ва (ё) барои анҷом додани баъзе амалиётҳо муқаррар намояд.
4. Шартҳои бастани шартнома
4.1. Истифодабаранда, ки дар Сервис бақайдгирӣ анҷом додааст, акцепти Шартномаи мазкур ва Тартибро анҷом додааст, шартҳои Шартномаи мазкурро пурра ва бидуни ҳеҷ гуна истисно қабул менамояд.
4.2. Қабули нопурраи шартҳои Шартномаи мазкур, инчунин қоидаҳо ва шартҳои дигаре, ки ба Сервис марбутанд ва дар веб-сайти Оператори Сервис ҷойгир шудаанд, роҳ дода намешавад.
4.3. Шартномаи мазкур байни Оператори Сервис ва Истифодабаранда аз рӯи зерин басташуда эътироф мегардад:
4.3.1. Санаи анҷом додани бақайдгирӣ дар Сервис тибқи тартиби пешбинишудаи банди 3.4. Шартномаи мазкур.
4.3.2. Ҷойи воқеъшавии суроғаи ҳуқуқии Оператори Сервис.
4.4. Истифодабаранда ба ирсоли паёмҳо ба Оператори Сервис аз рақами телефони дастгоҳи мобилӣ ё дигар техникае, ки ҳангоми бақайдгирӣ ҳамчун логин нишон дода шудааст, розӣ мешавад, инчунин барои интиқол ва коркарди маълумоти шахсии худ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шартномаи мазкур иҷозат медиҳад.
4.5. Оператори Сервис ба Шартномаи мазкур оид ба зиёд намудани Тарифҳо барои хизматҳои Сервис баъди огоҳ намудани хаттӣ ва (ё) электронӣ Истифодабаранда тағйиру иловаҳо ворид менамояд.
4.6. Истифодабаранда ҳуқуқи Оператори Сервисро барои дар якҷониба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Шартномаи мазкур (аз ҷумла оид ба зиёд намудани Тарифҳои Сервис), тавассути нашри онҳо дар веб-сайти расмии Оператори Сервис эътироф мекунад, ки баъд аз ҷойгир шуданашон мавриди амал қарор мегиранд.
4.7. Тағйиру иловаҳо ба Шартномаи мазкур ҳангоми анҷом додани амалҳои зерин аз ҷониби Истифодабаранда мавриди амал қароргирифта ҳисобида мешаванд:
4.7.1. Аз рӯи банди 4.5. Шартномаи мазкур - изҳори розигӣ (акцепт) аз ҷониби Истифодабаранда бо тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Шартномаи мазкур, тавассути гузоштани аломат дар муқобили матни огоҳнома «Ман шинос шудам ва шартҳоро қабул мекунам».
4.7.2. Аз рӯи банди 4.6. Шартномаи мазкур - идома додани истифодаи Сервис аз ҷониби Истифодабаранда ҳамчун акцепти бечунучарои ӯ ба тағйиру иловаҳои ба Шартномаи мазкур воридшаванда.
4.8. Дар сурати норозигӣ бо тағйиру иловаҳои вориднамудаи Оператори Сервис ба Шартномаи мазкур, Истифодабаранда ҳақ дорад аз истифодаи минбаъдаи Сервис даст кашад ва ин ҳамчун бекор кардани якҷонибаи Шартномаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда баррасӣ карда мешавад.
4.9. Дар ҳолате ки ягон муқаррароти Шартномаи мазкур беэътибор дониста шавад, ин ба эътибор ё қобили татбиқи дигар муқаррароти Шартномаи мазкур таъсир намерасонад.
4.10. Истифодабаранда барои сари вақт санҷидани тағйиру иловаҳои ба Шартномаи мазкур вориднамудаи Оператори Сервис шахсан масъул мебошад.
4.11. Истифодабаранда розӣ аст, ки барои иҷрои Шартномаи мазкур, Оператори Сервис ҳақ дорад шахсони сеюмро ҷалб намояд ва ба онҳо ҳамон гуна ҳуқуқҳое дода мешаванд, ки ба Оператори Сервис дода шудаанд, аз ҷумла нисбат ба маълумоти шахсии Истифодабаранда (ба истиснои ҳуқуқҳои истисноӣ ба Сервис).
5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо
5.1. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад:
5.1.1. Ба истифодаи Сервис дастрасӣ пайдо намояд.
5.1.2. Аз ҳамаи намудҳои хизматҳое, ки Сервис пешниҳод менамояд, аз ҷумла хизматҳои Шарикон, истифода барад.
5.1.3. Маълумоти пурра дар бораи тартиб, вазифаҳо ва дигар хусусиятҳои Сервис, Тарифҳо, комиссияҳои ситонидашаванда барои хизматҳои пешниҳодшаванда, инчунин дигар маълумоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Истифодабаранда пешниҳод карда шавад, ба даст орад.
5.1.4. Аз Сервис мутобиқи Шартномаи мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
5.1.5. Ба Оператори Сервис барои гирифтани машварат, дастгирии техникӣ ва дигар кӯмак оид ба масъалаҳои кор ва қоидаҳои истифодаи Сервис муроҷиат намояд.
5.2. Оператори Сервис ҳуқуқ дорад:
5.2.1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро аз рӯи Шартномаи мазкур барои иҷрои он ба шахсони сеюм бе мувофиқа бо Истифодабаранда вогузор намояд.
5.2.2. Ба Истифодабаранда хизматҳои пулакӣ ва ройгон пешниҳод намояд, ки маълумот дар бораи онҳо дар веб-сайти расмии Оператори Сервис ҷойгир карда мешавад.
5.2.3. Дар ҳолати вайрон намудани муқаррароти Шартномаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда, дастрасии ӯро ба Сервис банд намояд.
5.2.4. Бо тартиби якҷониба дастрасии Истифодабарандаро ба имкониятҳои Сервис бо сабабҳои техникӣ, ҳуқуқӣ ва дигар сабабҳо барои бартарафсозии онҳо маҳдуд намояд.
5.2.5. Ҷамъоварӣ, коркард, интиқол ва нигоҳдории маълумоти оморӣ оид ба истифодаи Сервисро анҷом диҳад, инчунин пурсишҳо, анкетагирӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро барои таҳлил ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои Оператори Сервис гузаронад. Оператори Сервис мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии Оператори Сервис ҳуқуқҳои дигар низ дорад.
5.3. Истифодабаранда ӯҳдадор аст:
5.3.1. Шартҳои Шартномаи мазкурро ба таври дахлдор иҷро намояд.
5.3.2. Аз Сервис танҳо барои мақсадҳои шахсӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, мутобиқи талаботи Шартномаи мазкур истифода намояд, инчунин ба чунин истифода аз ҷониби шахсони сеюм мусоидат накунад.
5.3.3. Ба истифодаи Сервис ба хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Оператори Сервис ва дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ роҳ надиҳад.
5.3.4. Ҳамаи чораҳоро барои таъмини ҳифз ва амнияти имкониятҳо ва унсурҳои пешниҳодшудаи Сервис андешида, дар ҳолати дастрасӣ ба Сервиси истифодашаванда аз ҷониби шахсони сеюм шахсан масъул бошад.
5.3.5. Дар ҳолати гум шудан, дуздида шудан ё соҳиб шудани дастрасӣ ба Сервис аз ҷониби шахсони сеюм барои андешидани чораҳои дахлдор, аз ҷумла барои бастани он, фавран ба Оператори Сервис ё намояндаи ӯ бо рақами ___________ хабар диҳад.
5.3.6. Ҳамаи чораҳоро оид ба таъмини махфияти (сиррияти) маълумот дар бораи сабти ҳисоб, аз ҷумла логин, парол, кабинети шахсӣ, маълумоти шахсӣ ва дигар маълумот, андешад.
5.3.7. Барои фош кардани маълумоти махфӣ бо ҳар гуна роҳ ва барои тамоми зарар ва хисороти ба Оператори Сервис расида дар робита ба ин ҷавобгар бошад.
5.4. Оператори Сервис ӯҳдадор аст:
5.4.1. Шартҳои Шартномаи мазкурро ба таври дахлдор иҷро намояд.
5.4.2. Дар системаҳои хизматрасонии фосилавӣ канали муҳофизатшудаи алоқаро ташкил намояд.
5.4.3. Имконияти пешбурд, нигоҳдорӣ ва таҳлили журналҳои дахлдори бақайдгирии рӯйдодҳоро дошта бошад.
5.4.4. Мубодилаи маълумоти махфии Истифодабарандаро тавассути шабакаи Интернет дар доираи сеанси алоқа ба таври рамзгузоришуда анҷом диҳад.
5.4.5. Низоми чораҳоро оид ба коҳиш ва назорати хавфҳои амалиётӣ ва хавфҳои вобаста ба таъмини амният ҳангоми расонидани хизматҳои Сервис таъмин намояд.
5.4.6. Талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи маълумоте, ки бо истифодаи Сервис коркард мешавад, иҷро намояд.
6. Кафолатҳо ва ҷавобгарии тарафҳо
6.1. Оператори Сервис ва Истифодабаранда дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои худ тибқи Шартномаи мазкур, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
6.2. Оператори Сервис танҳо барои вайронкунии муҳлатҳои анҷом додани хизматҳое, ки бо гуноҳи Сервис ва дар асоси супориши Истифодабаранда рӯй додаанд, тибқи шартҳои Шартномаи мазкур дар шакли ҷарима ба андозаи 0,1 фоиз аз маблағи пардохти таъхиршуда барои ҳар рӯзи таъхир, вале на бештар аз 10 фоиз аз маблағи пардохти таъхиршуда, дар назди Истифодабаранда ҷавобгар мебошад.
6.3. Оператори Сервис барои зарарҳои Истифодабаранда, ки дар натиҷаи ҳолатҳои зерин ба вуҷуд омадаанд, ҷавобгар нест:
6.3.1. Хато ва (ё) нокомӣ дар кори дастгоҳҳои сайёр, замимаҳои мобилӣ, веб-сайт ва (ё) дигар маҳсулоти барномавие, ки фаъолияти Сервисро таъмин мекунанд ва бо сабабҳои аз Оператори Сервис вобаста набуда ба вуҷуд омадаанд.
6.3.2. Набудани муваққатии дастрасии Истифодабаранда ба платформаҳои дастгоҳҳои сайёр, замимаҳои мобилӣ, веб-сайт ва (ё) дигар маҳсулоти барномавие, ки фаъолияти Сервисро таъмин мекунанд.
6.3.3. Амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, ки бо гуноҳи Истифодабаранда рух додаанд.
6.3.4. Гузаронидани маблағҳо ба гирандагони нодуруст, ки бо гуноҳи Истифодабаранда анҷом дода шудаанд.
6.4. Истифодабаранда кафолат медиҳад, ки амалҳои зеринро анҷом намедиҳад:
6.4.1. Расонидани зарар ё хисорот ба Оператори Сервис, Шарик ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ. Дар сурати вайрон кардани шартҳои Шартномаи мазкур, Истифодабаранда ӯҳдадор аст зарар ва (ё) хисороти бо чунин амалҳо расонидашударо ба Оператори Сервис ҷуброн намояд, новобаста аз хусусият ва ҳаҷми чунин зарар ва (ё) хисорот, инчунин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
6.4.2. Эҷод, истифода ва паҳн намудани вирусҳо ва дигар барномаҳои зараровар, ки ба Сервис зарар ва (ё) хисорот расонидаанд ва дар сурати вайрон кардани шартҳои Шартномаи мазкур, Истифодабаранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
6.5. Агар Истифодабаранда акси онро исбот накунад, ҳама гуна амалҳо аз ҷониби ӯ анҷомдодашуда ҳисобида мешаванд, агар ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои сайёр, замимаҳои мобилӣ, техникаи компютерӣ, инчунин дигар маҳсулоти барномавӣ ва техникаи ӯ, аз ҷумла профил ва кабинети шахсии ӯ баъд аз бақайдгирӣ дар Сервис ҳамчун Истифодабаранда анҷом дода шуда бошанд.
6.6. Ба Истифодабаранда қатъиян манъ аст, ки Сервисро бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода барад, аз ҷумла нуқтаҳои қабули пардохт барои молҳо (корҳо, хизматҳо)-ро аз аҳолӣ ташкил намояд. Дар сурати вайрон кардани шартҳои Шартномаи мазкур, Истифодабаранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошад.
6.7. Истифодабаранда эътироф менамояд, ки ҳар гуна пардохти ӯ барои молҳо (корҳо, хизматҳо), анҷом додани интиқолҳо ва (ё) гузаронидани маблағҳо иродаи озоди шахсии Истифодабаранда мебошад, ки барои анҷом додани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар аст.
6.8. Оператори Сервис кафолат намедиҳад, ки Сервис ва имкониятҳо ва (ё) унсурҳои алоҳидаи он хатогӣ надошта бошанд ва мутобиқи интизориҳои Истифодабаранда фаъолият намоянд. Мавҷуд будани хатоҳо ва (ё) нуқсонҳо, ки аз ҷумла ба нокомӣ ё ғайриимкон будани фаъолияти Сервис ва (ё) имкониятҳо ва (ё) унсурҳои алоҳидаи он дар дастгоҳи мобилӣ ё дигар техникаи Истифодабаранда оварда мерасонанд, барои иваз, баргардонидан ё таъмири дастгоҳи мобилӣ ё дигар техникаи Истифодабаранда асос шуда наметавонад.
6.9. Истифодабаранда огоҳ карда шудааст ва бо он розӣ мебошад, ки дастгоҳи мобилӣ ё техникаи дигари ӯ метавонад баъзе имкониятҳо ва (ё) унсурҳои Сервисро дастгирӣ накунад.
6.10. Оператори Сервис барои дурустии маълумоте, ки дар профил ва (ё) кабинети шахсии Истифодабаранда ҷойгир карда мешавад, ҷавобгар нест ва субъекте нест, ки чунин маълумотро ҷойгир мекунад.
6.11. Истифодабаранда барои ҳамаи амалҳое, ки бо истифодаи дастгоҳи мобилӣ ва (ё) техникаи дигар, кабинети шахсӣ, логин ва (ё) пароли ӯ, ки дар Сервис истифода мешаванд, анҷом дода шудаанд, ҷавобгар мебошад.
6.12. Агар дар Шартномаи мазкур ё дигар созишномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Оператори Сервис тарафи муомилаҳо оид ба харидуфурӯш, иҷрои корҳо ва хизматҳо ё дигар муомилаҳое, ки байни Истифодабаранда ва Шарикон баста мешаванд, намебошад. Дар робита ба ин, Оператори Сервис ҷавобгар нест:
6.12.1. Барои мутобиқати муомила ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шартҳои он таъсир намерасонад ва барои оқибатҳои бастан, иҷро ё бекор кардани он, аз ҷумла дар масъалаи баргардонидани маблағ аз рӯи чунин муомила, ҷавобгар нест.
6.12.2. Дар назди Истифодабаранда барои уҳдадориҳои Шарик, аз ҷумла оид ба фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва расонидани хизматҳо, агар уҳдадориҳои Оператори Сервис пурра ва дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро шуда бошанд.
6.13. Истифодабаранда фавран Оператори Сервисро дар бораи ҳамаи ҳолатҳои вайрон шудани амният ва дастрасии беиҷозати шахсони сеюм ба профил ва (ё) кабинети шахсии Истифодабаранда огоҳ менамояд ва дар сурати сари вақт огоҳ накардан, Истифодабаранда барои амалҳо, беамалӣ ва (ё) оқибатҳое, ки тавассути профил ё кабинети шахсии ӯ анҷом дода шудаанд, шахсан ҷавобгар мебошад.
7. Арзиш ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ
7.1. Оператори Сервис аз Истифодабаранда барои хизматҳои пешниҳодшавандаи Сервис комиссия меситонад. Дар баробари ин, ҳангоми бақайдгирӣ дар Сервис шаҳрвандони хориҷии идентификатсияшуда ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он, арзиши хизматҳои ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷие, ки дар бақайдгирӣ иштирок мекунанд (огоҳсозии смс ва ғ.), аз ҳисоби Сервис пардохт карда мешавад.
7.2. Андозаи комиссия барои истифодаи хизматҳои Сервис аз ҷониби Оператори Сервис дар асъори миллӣ «сомонӣ» муқаррар карда мешавад.
7.3. Истифодабаранда барои анҷом додани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркунӣ дар Сервис ӯҳдадор аст ҳисоби депозитӣ дар яке аз бонкҳо - эмитенти кортҳои пластикӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст, дошта бошад.
7.4. Сервис фаъолияти қабул намудани пардохтҳои пешпардохтро анҷом намедиҳад.
7.5. Хароҷот оид ба анҷом додани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркунӣ дар Сервис ба зиммаи Истифодабаранда гузошта мешавад.
7.6. Оператори Сервис пеш аз расонидани хизматҳои пардохтии Сервис ба Истифодабаранда маълумотро дар бораи Тарифҳо пешниҳод менамояд.
7.7. Оператори Сервис ҳақ надорад пардохтро бе супориши Истифодабаранда оғоз намояд.
7.8. Оператори Сервис Тарифҳои комиссия барои хизматҳои Сервисро мувофиқи замима муайян менамояд.
7.9. Оператори Сервис кафолат медиҳад, ки барои амал кардан ба манфиати Шарик, анҷом додани интиқоли маблағҳо ба фоидаи онҳо тибқи супориши Истифодабаранда, инчунин барои интиқоли маълумот дар бораи пардохтҳо ба Шарик ваколат дорад.
7.10. Истифодабаранда ба Оператори Сервис супоришро барои анҷом додани пардохт аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ бо нишон додани андозаи интиқол ба фоидаи Шарик мефиристад.
7.11. Анҷом додани пардохт ё амалиёти дигар дар лаҳзаи гирифтани огоҳнома дар шакли электронӣ ё дар ҳуҷҷати коғазӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад:
а) Аз ҷониби Истифодабаранда дар бораи анҷоми муваффақонаи интиқоли пардохт;
б) Аз ҷониби Шарик дар бораи ворид шудани маблағҳо.
7.12. Дар сурати набудани маблағҳои зарурӣ дар ҳисоби Истифодабаранда, пардохтҳо ё амалиётҳои дигар анҷом дода намешаванд ва ӯ аз Оператори Сервис огоҳии дахлдор мегирад.
8. Махфият ва амният
8.1. Оператори Сервис ва Истифодабаранда ӯҳдадоранд чораҳои заруриро барои таъмини ҳифз ва амнияти маълумот аз ихроҷ, фошшавӣ ва дастрасии беиҷозат, ки мубодилаи онҳо дар робита ба истифодаи Сервис ва (ё) унсурҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад, инчунин маълумоте, ки ба Истифодабаранда дар робита ба истифодаи Сервис дастрас аст, андешанд.
8.2. Истифодабаранда ӯҳдадор аст мустақилона чораҳои заруриро оид ба таъмини ҳифз ва махфияти маълумот ва дигар иттилооти худ, аз ҷумла маълумоти аутентификатсионӣ ва пин-коди пешниҳодшуда, аз дастрасии беиҷозат ё истифодаи Сервис аз ҷониби шахсони сеюм андешад.
8.3. Дар ҳолате ки бо гуноҳи Истифодабаранда ихроҷ ва (ё) фош шудани маълумоти махфии Оператори Сервис ва (ё) дастрасии беиҷозат ба онҳо ба амал ояд, Истифодабаранда ӯҳдадор аст зарар ва (ё) хисороти ба Оператори Сервис бо чунин амалҳо расонидашударо новобаста аз хусусият ва ҳаҷми чунин зарар ва (ё) хисорот ҷуброн намояд.
8.4. Истифодабаранда эътироф менамояд, ки Оператори Сервис дар назди Истифодабаранда барои оқибатҳои эҳтимолӣ дар сурати интиқоли маълумоти худ аз ҷониби Истифодабаранда ба шахсони сеюм, додани дастрасӣ ба ҳисоби худ дар Сервис ба онҳо ё дигар амалҳо, аз ҷумла дер иваз намудани пароли аз ҷониби Оператори Сервис пешниҳодшуда, ҷавобгар нест.
8.5. Оператори Сервис ӯҳдадор аст махфиятро нисбат ба маълумоти Истифодабаранда риоя намояд, маълумоти шахсии ӯро, ки дар робита ба иҷрои Шартномаи мазкур ба ӯ маълум шудааст, ошкор ва паҳн накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки:
а) чунин маълумот барои ҳама дастрас бошад, инчунин бо талаби ё розигии Истифодабаранда ошкор карда шуда бошад;
б) маълумот бояд ба шахсони сеюм дар ҳаҷме, ки барои иҷрои шартҳои Шартномаи мазкур зарур аст, пешниҳод карда шавад;
в) маълумот интиқол ё ошкор карданро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.
9. Ҳуқуқи истифодаи маҳсулоти сервис
9.1. Ҳуқуқи истисноӣ ба Сервис ва унсурҳои алоҳидаи он (аз ҷумла матн, унсурҳои дизайн, тасвирҳои графикӣ, видео, иллюстрасияҳо, пойгоҳҳои додаҳо, барномаҳо барои ЭҲМ, коди барномавӣ, мусиқӣ, садоҳо ва дигар объектҳо) ба ҶСК «BRIO GROUP» (Ӯзбекистон) тааллуқ дошта, ба Оператори Сервис дар асоси созишномаи иҷозатномавӣ пешниҳод шудааст.
9.2. Ҳамаи ҳуқуқҳо барои истифодаи Сервис ба Истифодабаранда танҳо дар асоси Шартномаи мазкур пешниҳод карда мешаванд. Бо мақсади иҷрои Шартномаи мазкур, Оператори Сервис ба Истифодабаранда дар асоси ройгон ҳуқуқи ғайриинҳисорӣ барои дастрасӣ ба Сервисро пешниҳод менамояд. Ба Истифодабаранда ягон ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои амволӣ ба Сервис ва (ё) унсурҳои алоҳидаи он дода намешавад.
9.3. Истифодаи Сервис ва дастрасӣ ба он танҳо мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, уҳдадориҳои шартномавӣ, маълумоти шахсӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дохилии Оператори Сервис иҷозат дода мешавад. Агар дар Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё бевосита аз талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барнаояд, Оператори Сервис ҳамаи ҳуқуқҳоро нисбат ба Сервис барои худ нигоҳ медорад.
9.4. Ба Истифодабаранда иҷозат дода намешавад, ки Сервис ва (ё) унсурҳои алоҳидаи онро ба иҷора, лизинг диҳад, инчунин дигар амалҳоро ба манфиати шахсони сеюм анҷом диҳад (сублисензия кардан, бегона кардан, инчунин тағйир, илова, модификатсия, мутобиқсозӣ, бозрамзгузорӣ, тарҷума ва ғайра).
9.5. Ҳуқуқҳои Истифодабаранда оид ба истифодаи Сервис ба навсозӣ, илова, ҷузъҳои иловагӣ, ки метавонанд пешниҳод шаванд ё дар раванди истифодаи Сервис дастрас бошанд, паҳн мешаванд. Истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ дар доираи Шартномаи мазкур танҳо барои мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ тавассути такрор ва истифодаи имкониятҳои функсионалии Сервис иҷозат дода мешавад.
10. Форс-мажор
10.1. Зери форс-мажор пайдоиши ҳолатҳои қувваи рафънопазир фаҳмида мешавад, ки бевосита ё бавосита аз зуҳуроти зерин ба вуҷуд меоянд: қарорҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ҷангҳо, бетартибиҳои ҷамъиятӣ, эпидемия ва ғайра, ки ҳангоми ба амал омадани онҳо иҷрои талабот ва шартҳои Шартномаи мазкур аз ҷониби Оператори Сервис ва Истифодабаранда ғайриимкон мегардад.
10.2. Тарафҳо аз ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои мутақобила дар ҳолате озод мешаванд, ки агар иҷро нашудани онҳо натиҷаи ҳолатҳои форс-мажорӣ бошад, ки то акцепти Шартномаи мазкур пешгирӣ ё пешбинӣ карда намешуданд.
10.3. Тарафе, ки нисбат ба он ҳолатҳои форс-мажорӣ амал мекунанд, ӯҳдадор аст тарафи дигарро на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз лаҳзаи ба амал омадан ва (ё) қатъ шудани ин ҳолатҳо, тавассути нашри маълумоти дахлдор, огоҳ намояд.
10.4. Ҳолатҳои форс-мажории дар огоҳнома зикршуда бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
10.5. Агар Тараф бо истинод ба амал кардани ҳолатҳои форс-мажорӣ тарафи дигарро дар бораи ба амал омадани чунин ҳолатҳо тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 10.3. ва 10.4. Шартномаи мазкур огоҳ насозад, чунин Тараф ҳуқуқи худро барои истинод ба амал кардани ҳолатҳои мазкур дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳои худ аз рӯи Шартномаи мазкур аз даст медиҳад.
11. Тартиби ҳалли даъвоҳо ва баҳсҳо
11.1. Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳсҳо ё ихтилофҳо байни Оператори Сервис ва Истифодабаранда, ки бо иҷрои шартҳои Шартномаи мазкур алоқаманданд, Тарафҳо барои ҳалли онҳо тавассути музокирот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.
11.2. Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳсҳо ва ихтилофҳо байни Оператори Сервис ва Истифодабаранда, пешниҳоди хизматҳо тибқи Шартномаи мазкур то ҳаллу фасли пурраи онҳо боздошта мешавад.
11.3. Агар баҳсҳо ё ихтилофҳо тавассути музокирот ҳал нашаванд, онҳо бояд дар суди дахлдор аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии Оператори Сервис мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шаванд.
12. Муҳлати амал ва тартиби бекор кардани шартнома
12.1. Шартномаи мазкур аз лаҳзаи қабул (акцепт) намудани шартҳои он аз ҷониби Истифодабаранда мавриди амал қарор гирифта, дар давоми муҳлати номуайян ё то лаҳзаи бекор шудани он амал мекунад.
12.2. Истифодабаранда ҳақ дорад Шартномаи мазкурро бо тартиби якҷониба бо нест кардани профил ва кабинети шахсии худ дар Сервис бекор намояд.
12.3. Оператори Сервис ҳақ дорад Шартномаи мазкурро бо тартиби якҷониба дар ҳолати вайрон кардани талаботи Шартномаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда оид ба уҳдадориҳо, махфият, ҳуқуқҳои истифодаи Сервис, ҷавобгарӣ ва (ё) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳии ҳатмии хаттӣ ва (ё) электронӣ на дертар аз се рӯз то бекор кардани Шартномаи мазкур, бекор намояд.
12.4. Оператори Сервис, дар ҳолати аз ҷониби Истифодабаранда дар давоми 60 рӯз истифода нашудани Сервис, ҳуқуқи бастани дастрасиро ба кабинети шахсии Истифодабаранда барои худ нигоҳ медорад. Барои боз кардани кабинети шахсӣ, Истифодабаранда бояд дубора аутентификатсияро дар Сервис гузарад.
13. Муқаррароти хотимавӣ
13.1. Ҳамаи огоҳномаҳо ва муроҷиатҳои Истифодабаранда, инчунин тағйиру иловаҳои ҳар гуна маълумоти ӯ ба Оператори Сервис дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути кабинети шахсии Истифодабаранда дар Сервис ё дар шакли ҳуҷҷати коғазӣ фиристода мешаванд.
13.2. Оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар Шартномаи мазкур танзим нашудаанд, Оператори Сервис ва Истифодабаранда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамоӣ мекунанд.
13.3. Шартномаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим, тафсир ва истифода бурда мешавад.
14. Реквизитҳои Оператори Сервис
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур,
кӯчаи Нисор Муҳаммад, хонаи 5/5,
РМА: 010109145
Номи бонк: ҶСК «Алиф Банк»
Суроғаи бонк: 734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, микроноҳияи 101-ум, кӯч. Баҳовуддинов, 9
SWIFT: ALIFTJ22
Ҳ/С: 20206840200064438501
Тел.: +99211808800